ҒУРФАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСЛОМОБОД

  • -

ҒУРФАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСЛОМОБОД

Category : News

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ Ховар, Пайрав Назаров). Чанде пеш дар Осорхонаи мероси миллии Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ғурфаи (гӯша) и миллии Тоҷикистон кушода шуд. Дар ин маросим Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Покистон, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Покистон, ҳамчунин васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Дар ғурфа намунаҳои санъату фарҳанги косибони моҳири Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шудаанд.

Сафири Тоҷикистон зимни суханрониаш ба раиси осорхона ва намояндагони Вазорати фарҳанги Покистон барои расонидани мадад ба ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки ин ибтикор ба таҳкими минбаъдаи равобити дуҷонибаи дӯстона мусоидат хоҳад кард.

Раиси Осорхонаи мероси таърихи Покистон Ҳолид Ҷалик зикр намуд, ки ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон дар осорхона воқеаи муҳими муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст маҳсуб меёбад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ Ховар хабар доданд.