Иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • -

Иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Category : News

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи   (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Якум. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии мо таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.

Дуюм. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд.
Сеюм. Таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо.
Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии (олии) давлат муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад.

Инкишофу пешрафти ҷомеа, хусусан давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд гардад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад. Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои онҳо бахшида шудааст.
Чорум. Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ,  баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.

Панҷум. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Омилу равандҳои зикргардида тақозо менамоянд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад.

ШАРҲИ БАНДҲОИ АЛОҲИДАИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Пешниҳод карда мешавад, ки калимаи Сарқонун дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки калимаи Конститутсия вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи Конститутсия дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст. Аз тарафи дигар, калимаи Сарқонун сохта буда, тамоми паҳлуҳои вожаи Конститутсия-ро дар бар гирифта наметавонад. Сарқонун танҳо боло, баланд ва дорои қувваи олӣ доштани онро ифода мекунад. Дигар паҳлуҳои Конститутсия, аз ҷумла асос, муайянкунанда ва муқарраркунанда будани онро ифода намекунад. Вобаста ба гуфтаҳои боло, ба мақсад мувофиқ аст, ки калимаи Сарқонун аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ -парламентӣ ё парламентӣ президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин пешниҳоди зикргардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд.

3. Пешниҳод ба моддаи панҷум хусусияти таҳрирӣ дошта, аз нигоҳи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ калимаи он ба калимаи ӯ иваз карда мешавад.

4. Дар қисми чоруми моддаи ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои марзиву маъмуриро ба калимаҳоимаъмурию ҳудудиро иваз карда шаванд. 

Ин тағйирот бо дарназардошти истифодаи амалии ин истилоҳҳо вобаста аст. Калимаи марз бештар сарҳад, хатти сарҳадро ифода мекунад, ҳудуд бошад, маънои васеъ дошта, тамоми ҳудуди давлат хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад.

5. Ба моддаи ҳаштум ду тағйирот пешниҳод шудааст.

Якум. Пешниҳод мегардад, ки дар қисми чорум калимаи Ташкилотҳои ба Иттиҳодияҳои иваз карда шавад.

Қобил ба зикр аст, ки мафҳуми вожаи иттиҳодия назар ба ташкилот васеъ буда, тамоми навъҳои созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ истилоҳи иттиҳодия истифода шудааст.

ДуюмБа моддаи мазкур қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузорииҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Бинобар ин пешниҳод шудааст, ки амалҳои мазкур манъ карда шаванд.

Дар ин пешниҳод ҳамчунон зикр гардидааст, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст.

Таъсиси ҳизби сиёсӣ дар заминаи намояндагони миллати алоҳида (миллӣ) дар ҷавҳари худ метавонад ба ҷудоиандозӣ, низоъҳо ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, баъзе аз давлатҳо (Булғористон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар давлатҳо) ин амалро дар сатҳи Конститутсия манъ кардаанд.

Ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, тибқи пешниҳод таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта низ манъ карда шудааст. Бояд иброз дошт, ки ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти асосии онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд. Эътиқод ба дин кори шахсии (хусусии) ҳар як инсон мебошад. Шахс бояд дар интихоби дин, ба ҷо овардани ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил бошад. Ҳизби сиёсӣ, дигар созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё аз он суистифода намояд. Таъсис додани ҳизби сиёсии хусусияти динидошта боиси истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта кардани дин мегардад. Бинобар ин давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсиро вобаста ба дин дар конститутсияҳояшон манъ кардаанд.

6. Ба моддаи чордаҳум ду тағйирот пешниҳод шудааст.

Дар қисми дуюми модда пешниҳод шудааст, ки калимаҳои маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро ба калимаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро иваз карда шаванд. Ин пешниҳод хусусияти мушаххаскунандаю дақиқкунанда дошта, ба таври аниқ номи пурраи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро ифода мекунад. Пешниҳоди зикршуда матни ин қисми моддаро пурра, аниқ ва фаҳмо менамояд.

Ба қисми сеюми модда пешниҳод гардидааст, ки ибораи сохти конститутсионӣ ба ибораи асосҳои сохтори конститутсионӣ иваз карда шуда, баъди он ибораҳои амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ илова гарданд. Тағйиру иловаҳои мазкур ба инҳо асос ёфтаанд.

Якум. Иваз намудани ибораи сохти конститутсионӣ ба ибораи асосҳои сохтори конститутсионӣ бевосита аз мазмуни Конститутсия бармеояд, зеро боби аввали Конститутсия чунин ифода шудааст (асосҳои сохтори конститутсионӣ). Дар он ин асосҳо, аз ҷумла моҳияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягонагӣ, соҳибихтиёрии халқ, дахлнопазирии ҳокимияти халқ, дахлнопазирӣ ва тақсимнашаванда будани ҳудуди Тоҷикистон оварда шудаанд. Бо мақсади ҳифзи ин арзишҳои олӣ, эмин доштани онҳо аз ҳар гуна суиқасд тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мумкин аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси қонун маҳдуд карда шаванд.

Дуюм. Ҳамон тав